Навбати тӯлонии сокинони ноҳияи Мӯъминобод, ки чанд рӯз аст идома дорад, барои гирифтани кӯмакҳои башарӣ нест. Онҳо дар назди банкомати филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Муъминобод, барои гирифтани маош ва нафақа навбатпоӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки аз ду банкомати мавҷудбуда яке фаъолият мекунаду дигаре ду моҳ боз таъмирталаб аст. Шарифзода Меҳринисо, мудири филиали №63-и «Амонатбонк»-и ноҳия дар сӯҳбат бо нашрияи «Пайк» мегӯяд: “Айни ҳол дар ноҳия ду банкомат мебошад. Аз ду якеаш клавиатурааш вайрон шудааст. Мо ба Раёсати «Амонатбонк»- и минтақа дархост кардем, ваъда карданд, ки таъмир мекунанд. Арзиши клавиатура 4000 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.”
Як сокини ноҳия, ба хабарнигори «Пайк» изҳор доштааст ки «аз навбатпоии зиёд дар назди банкомат дилгир мешавем. Зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки дар чунин вазъ қарор дорем. Дигар намедонем, чӣ кор кунем ва ба куҷо муроҷиат намоем». Тибқи иттилои масъулони «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкоматро дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил будааст. Ҳақназарзода Саидикром, раиси «Амонатбонк» — и минтақаи Кӯлоб бошад бобати мушкилоти ҷойдошта мегӯяд: “Бештари банкоматҳо клавиатураашон аз кор мебарояд. Клавиатураро аз давлати хориҷа дастрас кардан мумкин аст. Бо сабаби пандемияи Коронавирус мо клавиатураро харидорӣ карда наметавонем”