
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷики муқими Аврупо дар як муроҷиати видеоияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон талаб кардааст, ки Юсуф Раҳмонро ба хотири қонуншиканиҳояш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Ёров дар муроҷиати видеоияш аз нишасти матуботии рӯзи 14-уми июл ёдовар шуда Юсуф Раҳмон ва муовинонашро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард. Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, Прокурори генералӣ ин сардори мақомотест, ки вобаста ба он бояд риояи дақиқи қонунҳоро дар қаламравӣ ҷумҳурӣ таъмин ва назорат намояд.
Ба гуфтаи Ёров вақте Прокурори генералӣ даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд фавран нисбаташ парванда боз шуда аз мақомаш барканор шавад ва чунин ашхос сазовори ин мақом нестанд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ аз бениқоб ширкат кардани додситон ва муовинонаш дар толори конфронси матбуотӣ дар ҳузури даҳҳо рӯзноманигору коршинос ва риоя накардани ҳолатҳои санитарӣ дар замони пандемия, ки боиси сироят гаштани шаҳрвандон мегардад, интиқод намуда, ӯро поймолкунадаи қонун донист.