Ин созишномаро бо ҳадафи ҳаллу фасли муноқиша дар шарқи Украина имзо карда буданд. Президенти Русия махсус таъкид кардааст, ки иҷрои шартҳои созишномаи Минск ҳатмӣ аст ва он алтернатива надорад. Президенти Украина ва Русия дар мавриди коронавирус ҳам суҳбат кардаанд.
Бар пояи охирин маълумоти расида байни артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ниманизомиёни мавриди ҳимояти Русия дар шарқи Украина, ки солҳо даргирӣ ҷараён дошт, оташбаси комил барқарор шудааст.
Оташбас аз соати 00:00 ба вақти маҳалӣ, чанд соат пас аз гуфтугӯи Владимир Зеленский ва Владимир Путин, президентҳои Украина ва Русия дар мавриди кашмакаш ва даргирӣ дар шарқи Украина ба ҳолати иҷро даромад.
Зеленский ва Путин ҳар ду ҳимояти худро аз амалӣ шудани оташбаси комил эълом карданд. Созиши ибтидоӣ барои иҷрои оташбас, ҳафтаи пеш дар ҷараёни музокироти ду кишвар ва низ Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба даст омада буд. Владимир Зеленский ҳамзамон дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ хостори бардошта шудани қадамҳои баъдӣ барои озодии асирони украинӣ дар минтақаҳои шарқии ин кишвар, нимҷазираи Қрим ва Русия шудааст.