Ба навиштаи “Ховар” аз 1 сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд мегардад.
Дар фароварди шарҳи ин фармон аз тарафи “Ховар” гуфта мешавад, ки “анҷоми тадбири мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеъа дар шароити кунунии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”.
Аммо бештари коршиносон ва таҳлилгарони умури иқтисодӣ афзоиши 15% маош ва андозаи нафақаи бознишастаҳоро як тадбири номуассир ва бесамар меҳисобанд. Зеро мегӯянд ин коршиносон афзоиши баҳои маводди мавриди ниёз ба маротиб болотар аст ва низ таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ боло бурдани ҳаҷми маошро беасар месозад.
Вақте давлат ҳаҷми маошро 15% вале қиммати истифодаи неруи барқ, об, андозҳои гуногунро ба аҳолӣ аз 20% ҳам боло мебарад, ба ин ҳад афзудани ҳаҷми маош чизеро тағйир нахоҳад дод.
Тоикистон дар шумори кишварҳои шӯравии пешин аз ҳисоби андозаи маошу нафақаи дар зинаи охир қарор дорад ва ҳаҷми сабади истеъмолии аҳолии он низ камтар ва кучактар аз тамоми кишварҳои узви СНГ мебошад.