УМУМӢ

Донишҷӯён: Лукашенко аз унвони доктори фахрӣ маҳрум карда шавад

Акс аз шабакаи телеграмии “Беларусь в шоке!” Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тарас Шевченкои Ҷумҳурии Белорус имрӯз 14 август дар ҳамоҳангӣ бо мавҷи эътирозҳои ин кишвар талаб карданд, ки Лукашенка аз унвони доктори фахрии донишгоҳи мазкур маҳрум карда шавад. “Ин шахс сиёсатмадори матраҳи давлатӣ нест ва зебандаи раисҷумҳури як давлати пешрафта шуда наметавонад, инчунин сазовори унвони олии […]

Акс аз шабакаи телеграмии “Беларусь в шоке!”

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тарас Шевченкои Ҷумҳурии Белорус имрӯз 14 август дар ҳамоҳангӣ бо мавҷи эътирозҳои ин кишвар талаб карданд, ки Лукашенка аз унвони доктори фахрии донишгоҳи мазкур маҳрум карда шавад.

“Ин шахс сиёсатмадори матраҳи давлатӣ нест ва зебандаи раисҷумҳури як давлати пешрафта шуда наметавонад, инчунин сазовори унвони олии доктори фахрӣ ҳам нест. Мо итминон дорем, ки ҳузури Александр Лукашенко дар рӯйхати докторҳои фахрии Донишгоҳи Миллии Тарас Шевченко дар Киев эътибори ин унвон ва нуфузи донишгоҳро ҳамчун як муассисаи таҳсилоти олӣ латма мезанад”.

Ин дар ҳолест, ки ин шабу рӯзҳо дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Белорус даҳҳо кормандони корхонаҳои давлатӣ, мисли БелАз, Гродно-Азот, Белкарт, ва ғайра пайи ҳам корпартоӣ доранд. Бо сабаби корпартоии умумӣ ин корхонаҳои бузург аз кор мондаанд ва ин раванд дар Белорус идома дорад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.