Аммо дар хабари мазкур кай ба ҳукми иҷро даромадани ин лоиҳа гуфта нашудааст, бештар болои зарурати як чунин барнома барои осонии интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон таъкид шудааст.
Реклама / Advertisement
“Азия Плюс” менависад:
Имрӯз дар Русия беш аз 1 млн нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳиссаи зиёди воридоти асъорро ба иқтисоди кишвари мо таъмин карда, барои рушди ҷамъият нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, таъмини одамон бо воситаи қулай ва муфид барои интиқоли маблағ ба ватан хеле муҳим аст.
“asiaplus.intiqol.tj – тасмими бесобиқаи бонкист, ки ба тағйири пурраи тарзу усули анҷоми амалиёти интиқоли пул дар бозори молиявии Тоҷикистон равона шудааст. Сирри комёбии технологӣ дар он ифода меёбад, ки қулайу бароҳат ва дастрас будан барои мизоҷон дар бонки мо аз афзалияти муҳим шуморида мешавад. Ва мо бо камоли мамнуният дар бораи роҳандозии аввалин дар кишвар сервери бепули интиқоли маблағ – навгонии бисёрсоҳавӣ хабар медиҳем, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳия шуд”, – мегӯяд раиси ҶСК “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов.
Ба гуфтаи директори генералии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов, наздики 35-40%-и хонандагони сомона ва шабакаҳои иҷтимоии расонаҳоро корбарон аз Русия ташкил медиҳанд, ки ҳар моҳ ба ҳудуди ним миллион шаҳрвандони мо рост меояд.
– Дар ҳамкорӣ бо “Алиф Бонк” – яке аз пешсафони бозори ватании fin-tech аз оғози амалисозии лоиҳа хушнудем. “Азия-Плюс” мудом ба ҳаёти муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барояшон маълумоти муфиди зарурӣ пешниҳод намояд, то ки ба беҳтар шудани зиндагиашон дар мулки бегона ва ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунад. Яке аз чунин иқдомҳои мо – лоиҳаи муштарак бо “Алиф Бонк” аст.
Сервиси www.asiaplus.intiqol.tj ба интиқоли фаврӣ аз ҳама гуна корти бонкии Русия (Visa/MasterCard/МИР) ба Тоҷикистон ба ҳама гуна кортҳои “Корти миллӣ” ва ҳамёнҳои alif.mobi-и натанҳо “Алиф Бонк”, балки дигар ташкилотҳои қарзии кишвар имкон медиҳад.
Маблағ дар муддати якчанд сония ва бе ягон комиссия ба корт гузаронида мешавад. Маблағи интиқол ва 30 то 50 ҳазор рублро ташкил дода метавонад. Рӯзона маҳдудият нест.