Ба навиштаи Аҳмад Зиё Масъуд Генерал Пайкон дар мубориза алайҳи терроризм ва Толибон шуҳрат дошт ва ин кори ӯ ба Ашраф Ғанӣ хуш намеомад. Ӯ дар идома навиштааст, ки Афшраф Ғанӣ дар масъалаи тақсими ҳукумат бо Толибон вориди гуфтугӯ шудааст, вале Толибон то ҳол дархости ӯро напазируфтаанд. “Раҳоии 5000 зиндонии Толиб низ имтиёзе дар ростои ҳамин ҳадаф будааст”,- мегӯяд Аҳмад Зиё.
Ба назари собиқ ноиби раисҷумҳури Афғонистон аз баски генерал Пайкон бо Толибон меҷангид, дастгир шудани ӯ аз ҷониби Ғанӣ ба эҳтимоли зиёд ин яке аз имтиёзҳои дигаре дар ростои муомилаи Ғанӣ бо Толибон аст, то онҳо ҳукумати мушоракатиро бо Ашраф Ғанӣ қабул кунанд.
Лозим ба зикр аст, ки Маҳкамаи олии Афғонистон генерал Змраи Пайконро бо иттиҳоми даст доштан дар фасод ва сӯиистифода аз мансаб ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин хабар сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Афғонистон ба бор овардааст. Як гурӯҳ ӯро гунаҳкор меҳисобанд ва хостори онанд, ки Генерал маҳкум бишавад, аммо қавмҳои тоҷиктабор боздошти ӯро муғризона унвон карда аз Ҳукумат озодии ӯро талаб доранд.