Ҳамчунин дар назар аст дар соли 2020 кумаки маҷмӯии БОР ба Тоҷикистон 320 миллион доллар дар шакли грант, ба шумули лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика хоҳад буд.
Инчунин як бастаи вокуниши таъҷилӣ ба COVID-19 дар ҳаҷми 52,5 миллион доллар низ шомил мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд шомил гардидаааст. Аз он замон то ҳол аз бонки мазкур дар ҳаҷми зиёда аз 1,9 миллиард доллар кумак гирифтааст, ки 1,4 миллиард доллари онро грантҳо ташкил медиҳанд.