Акс аз: “Asia-Plus” Тахриби бинои собиқ Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки пас аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, ҷараён дорад. Азия плюс аз ҷараёни тахриби ин бино чанд акс нашр кардааст, ки дида мешавад, як қисми ин бинои як замон номдори Тоҷикистон ва ҳамчун ёдгори аз фарҳани сохтумони шӯравӣ хароб гардидааст. Ин […]
Тахриби бинои собиқ Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки пас аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, ҷараён дорад.
Азия плюс аз ҷараёни тахриби ин бино чанд акс нашр кардааст, ки дида мешавад, як қисми ин бинои як замон номдори Тоҷикистон ва ҳамчун ёдгори аз фарҳани сохтумони шӯравӣ хароб гардидааст.
Ин бино дар пойтахти Тоҷикистон соли 1957 қомат афрӯхт. То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо Дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Ахиран ин ҷо шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд.