Ба назари коршиносон, қишри ҷавони кишвар, ки ҳам аз қувваи корӣ ва ҳам аз қувваи зеҳнӣ бархӯрдоранд, бештарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд ва бархеи дигар, ки дар дохиланд аз сабаби паст будани маоши корхонаҳои давлатӣ кор намекунанд. Аммо дар идораҳои ба қавле “равғанӣ” ва сердаромад бе пушту паноҳ касеро ба кор намегираед.
Дар тамоми ҷаҳон баъди хуруҷи бемории COVID-19 корхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ коргарон бо дастрасӣ ба интернет тариқи онлайнӣ кори худро пеш мебурданд ва ё ҳузурӣ дар корхона бо риояи фосили байни ҳамдигар кормандон кор мекарданд, вале дар Тоҷикистон дар баробари эълон гардидани вуҷуди каронавируси нав ҳукумат таҷрибаи электронӣ ва ё аз хона тариқи интернет кор кардани кормандонро роҳандозӣ накарда буд.
Азизбой Калонзода, як мутахассиси фановариҳои иттилоотӣ гуфтааст: Баробари эълони пандемияи короновирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон, чи дар бахши идораҳои давлатӣ ва чи бахши хусусӣ бо истифодаи технологияҳои навин ба тарзи фосилавӣ корро пеш мебурданд.
Ба гуфтаи Калонзода “бисёр давлатҳо дар чунин шароит ба хизматчиёни давлатӣ имкон доданд, ки аз хона ба таври фосилавӣ корашонро анҷом диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон бинобар рушд наёфтани ҳукумати электронӣ ва ҳанӯз пурра фароҳам набудани инфрасохтор, суръати пасти интернет ва нархи гарон аз ин имкониятҳо истифода намешавад. Дар натиҷа риски сирояти одамон ба вирус бештар мешавад”.