УМУМӢ

Дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли равон ба давлатҳои хориҷӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содир шудааст

Дар вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби 17 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба давлатҳои хориҷиӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содир шудааст, ки ин маблағ 36,5 дарсади маҷмўи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои “Ховар” аз ҷониби 64 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда […]

Дар вилояти Суғд дар давоми 9 моҳи соли равон аз ҷониби 17 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба давлатҳои хориҷиӣ ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот содир шудааст, ки ин маблағ 36,5 дарсади маҷмўи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои “Ховар” аз ҷониби 64 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 65,8 млн. сомонӣ ё 27 дарсад зиёд  гуфта шудааст.

Дар идома гуфта шудааст, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 миллиард 47,5 миллион сомонӣ расида, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 397,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 21,9 фоиз зиёд ва корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 145,2 млн сомонӣ ё 18,1 фоиз зиёд  гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Тоҷикистон барои таъмини табибон ва беморхонаҳо бо либосҳои махсуси тиббӣ ва маводи антисептикӣ ба мушкилӣ дучор гардида буд, ки чандин кишварҳо аз қабили Узбекистон, Русия, Чин, Туркия ва Қазоқистон ин маводҳоро кумак карда буданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.