“Новобаста аз кӯшишҳо ва тадбирҳои андешидаи вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони ташкилоти алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки ин ташвишовар аст”.
Дар ҳукумат то худи болои боло медонанд, ки роҳбари фурудгоҳи байналмилалӣ ҳам барои ободу зебо гардонидани Душанбе даст ба сохтмони биноҳо задааст. Душанберо обод мекунанд то барои Рустами Эмомалӣ имиҷи роҳбари кордону муваффақро созанд. Аммо инки ҷони инсонҳо дар пайи бемаошиву бесарнавиштӣ дард мекунад, парво надоранд. Вале вақте ҳодисаи худкушӣ ба амал омад дигар зуд роҳи чора хоҳанд ҷуст. Чаро масъалаи пардохти маошро то ба ин ҳад ки “ташвишовар” шавад ба таъхир гузоштед? Ҳоло мунтазир хоҳем буд, ки Прокуратураи генералӣ ин ҳодисаро чӣ тавр тафтиш ва баҳо медиҳад.
Аз сӯи дигар вақте як корманди он ҳам бахши амниятӣ то ба ин ҳад афсурдаву ҷонбезор мешавад ва агар ошкоро бигӯем аз дасти гуруснагӣ даст ба худкушӣ мезанад, ҳангомаву воҳимаи татбиқи барномаи амнияти ғизоӣ, ки Раҳмон ҳамвора аз он мегӯяд, чӣ маъно хоҳад дошт.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар шохиси “Амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ» (The Global Food Security Index), ки маҷалаи бритониёии The Economist таҳия кардааст, Тоҷикистон соли 2019 мақоми 93-юмро дар миёни 113 кишвар дар паҳлуи Лаосу Нигерия гирифта буд. Шохисеро, ки ин маҷалла муайян карда аз се ҷузъи асосӣ иборат буд:
сатҳи дастрасӣ ва талабот ба маҳсулоти хӯрокӣ; мавҷудият ва кифоягии маҳсулоти хӯрокӣ; сатҳи кайфият ва бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ”.
Бо ин ҳол, агар ин ҳодиса, ки бояд фоҷеа унвон шавад дар кишваре дигар рух медод мардум ва ҷомеа сокиту бетафовут намеистод ва ҳатман, ки вокуниши оганда ба хашму ғазаб нишон медод ва нороҳатиашро дар шаклҳои мухталифи нофармониҳои маданӣ изҳор мекард. Ёдатон бошад нахустин таҳаввулот дар кишварҳои арабӣ, ки баъдан “баҳори арабӣ” унвон гирифт, маҳз ангеза ва иллати молиявиву иқтисодӣ дошт.
Як нафар аз савдогарони хиёбонӣ ин ҳама шӯру шаафро роҳандозӣ кард ва раиси ҷумҳури худкомаи он Бен Алӣ баъди 20-у анд сол сарнагун карда шуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки гушна ба шер задааст. Ҳол саволи дигар ин аст, ки худкушии Шерафган эътироз буд ва ё касеро ҷазо дод ва касе посух хоҳад дод ё хайр?
Сорбон Азимӣ, таҳлилгар
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.