УМУМӢ
Дар ҳуҷуми мусаллаҳона бар Донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта шудааст
Пулис дар атрофи Донишгоҳ. Сурат: Rahmat Gul/AP Fhoto/picture alliance Дирӯз 02 ноябр дар шаҳри Кобули Афғонистон ду мусаллаҳ ба Донишгоҳи Кобул бар бинои “Маркази миллии омӯзишҳои ҳуқуқӣ” ворид гашта донишҷӯёнро тирборон кардаанд. Бино ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин ҳамла ба Донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта, 40 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тирандозӣ рӯзи душанбе […]
Пулис дар атрофи Донишгоҳ. Сурат: Rahmat Gul/AP Fhoto/picture alliance
Дирӯз 02 ноябр дар шаҳри Кобули Афғонистон ду мусаллаҳ ба Донишгоҳи Кобул бар бинои “Маркази миллии омӯзишҳои ҳуқуқӣ” ворид гашта донишҷӯёнро тирборон кардаанд.
Бино ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин ҳамла ба Донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта, 40 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Тирандозӣ рӯзи душанбе дар дохили як донишгоҳ дар пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул сурат гирифт. Расонаҳо инчунин хабар доданд, ки дар ҷои ҳодиса садои таркиш шунида шудааст.
Тибқи хабарҳо 2 марди мусаллаҳ вориди бино шуда, ба тирандозӣ шуруъ кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар кушта ва захмӣ гаштаанд. Дар байни фавтидагон як низомӣ ҳам будааст. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки нерӯҳои махсус ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, амалиётеро дар як бино анҷом дода, аз он бино садҳо нафарро ба берун баровардаанд.
Қаблан шабакаи телевизионии “Tolo News” бо такя ба манбаъҳояш хабар дода буд, ки таркиш ва тирандозӣ замоне рух дод, ки намояндагони Афғонистон ва Эрон дар донишгоҳ намоишгоҳи китобҳоро мекушоданд.
Тибқи гузориши 1TV, Толибон даст доштани худ дар ин ҳодисаро рад мекунанд. Бино ба навиштаи расонаҳои Афғонистон масъулияти ин ҳамларо гуруҳи ДОИШ бар уҳда гирифтааст.