Дар марзи Узбекистон аз як қатора 172,5 кило маводди мухаддир пайдо карданд
Дар як қатораи боркаши роҳи оҳани Сариосиё, мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии Узбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ёфт ва мусодира карданд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо дар як […]
Кормандони AZDA TV· 06.11.2020
Дар як қатораи боркаши роҳи оҳани Сариосиё, мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии Узбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ёфт ва мусодира карданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон мақомоти гумрук, марзбонӣ ва амнияти давлатии ин кишвар дар посгоҳи гумрукии истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё дар марзи вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо Тоҷикистон аз махфигоҳҳо дар як қатори боркаш, ки «аз кишвари ҳамсоя тариқи транзит тавассути Узбекистон ҳаракат мекард», 172,5 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.
Гуфта шудааст, ки дар зери яке аз вагонҳо бастаҳои махфишударо пайдо карданд, ки аз дохили онҳо наздики 12 кило ҳероин, 2,6 кило ҳашиш ва беш аз 81 кило шираи бангдона ёфт ва мусодира карда шудааст.
Реклама / Advertisement
Дар хабар гуфта мешавад, ки барои пурра муайян намудан қатораро ба истгоҳи Дарбанди ноҳияи Бойсун бурданд, ҳангоми гузаронидани тафтиши иловагӣ аз зери як вагони дигар боз як қатор ашёи пинҳонкардаро ошкор кардаанд, ки беш аз 30 кило ҳашиш ва наздики 46 кило равғани ҳашиш пайдо гардидааст.