УМУМӢ

Вячеслав Володин: феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад

Сурат: РИА Новости Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ бояд дар кишварҳои узви СААД таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад. Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кардааст. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо Володин […]

Сурат: РИА Новости

Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ бояд дар кишварҳои узви СААД таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ тартиб дода шавад.

Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кардааст.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо Володин гуфтааст:

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, созмоне, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”.

Дар идома иброз доштааст, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

Гуфта мешавад, дар барномаи нави панҷсолаи қонунэҷодкунии Ассамблеяи парлумонии СААД барои 5 соли оянда 29 санади тарҳро фаро мегирад. Ба ин рӯйхат санадҳо дар бораи танзими амнияти рақаммӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.