Рӯзи 15 декбари соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” аз манбааш менависад, ки сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест ва он мавриди таҳқиқ қарор дорад, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо […]
Кормандони AZDA TV· 17.12.2020
Рӯзи 15 декбари соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” аз манбааш менависад, ки сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум нест ва он мавриди таҳқиқ қарор дорад, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ гардидааст.
Манбаи “Азия-Плюс” дар идома гуфтааст: “Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”. Савдогарони ин бозор гуфтаанд, ки “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.
Реклама / Advertisement
Онҳо дар идома иброз доштаанд, ки “бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ қувваи барқ ногаҳон барқарор мешавад, дар бозори мо на танҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолоатҳои фавқуллода бо нашри хабар сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзодаро таъйид намуда, иброз доштааст, ки баъди нимаи аввали рӯзи 15 декабри соли равон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад, ки дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид.