Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозаинтихобаш мулоқот кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 январ бо кадрҳои тозаинтихобаш ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, СРИҶҶ Вазорати адлия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъиншуда буданд, мулоқот намуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода муовинони раиси […]
Кормандони AZDA TV· 19.01.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 январ бо кадрҳои тозаинтихобаш ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, СРИҶҶ Вазорати адлия, Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъиншуда буданд, мулоқот намуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода муовинони раиси Бонки миллӣ таъин шуданд.
Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.
Реклама / Advertisement
Инчунин сардорони раёсатҳои Агентии мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шӯъбаҳои дастгоҳи марказии ин Агентӣ таъин карда шуданд.