Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки дар артиш бо сабаби бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуда ва аз ҷой хеста наметавонист, шаби 1 феврал аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, ки Шаҳбол дар беморхонае дар шаҳри Хуҷанд даргузаштааст. Радиои Озодӣ аз қавли модари Шаҳбол, Зайтуна Мирзоева, менависад, ки “Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъди қайкунии зиёд, дарунравӣ ва камхунияш аз клиникаи физиотерапевтии […]
Кормандони AZDA TV· 01.02.2021
Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки дар артиш бо сабаби бадрафтории ҳамхидматаш маъюб шуда ва аз ҷой хеста наметавонист, шаби 1 феврал аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, ки Шаҳбол дар беморхонае дар шаҳри Хуҷанд даргузаштааст.
Радиои Озодӣ аз қавли модари Шаҳбол, Зайтуна Мирзоева, менависад, ки “Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъди қайкунии зиёд, дарунравӣ ва камхунияш аз клиникаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Панҷ рӯз дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.”
Сабаби вафоти Шаҳбол то ҳол маълум нест, аммо тибқи гуфтаи падараш, ҳафтаи гузашта аҳволаш бад шуд ва ӯро аз дармонгоҳи офиятбахшии шаҳри Хуҷанд ба беморхонаи марказии вилоят бурда буданд. Ӯ дар мусоҳибае ба Радои Озодӣ 29 январ гуфта, ки “Ҳарораташ баланд мешуд, қай мекард.”
Реклама / Advertisement
Шаҳбол Мирзоев соли 2014 ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби як ҳамхизматаш мавриди лату кӯб қарор гирифт, ки дар натиҷа устухони гардан ва миёнаш маҷруҳ шуда, то дами марг дигар аз ҷой хеста наметавонист.