Қатли бераҳмонаи ҳамсар ва хусур аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон
Бино ба гузориши расонаҳои русӣ як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Перми Русия рӯзи 4 феврал ҳамсар ва падарарӯс (хусур)-ашро ба сурати ваҳшиёна қатл намудааст. Гуфта мешавад, муноқиша аз онҷо сар задааст, ки ҳамсари ҳомила ба шавҳараш мегӯяд, намехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад ва ҷанини дар батнашбудро низ мегирад. Зеро аллакай ду фарзанди хурдсол доранд, яке […]
Кормандони AZDA TV· 05.02.2021
Бино ба гузориши расонаҳои русӣ як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Перми Русия рӯзи 4 феврал ҳамсар ва падарарӯс (хусур)-ашро ба сурати ваҳшиёна қатл намудааст.
Гуфта мешавад, муноқиша аз онҷо сар задааст, ки ҳамсари ҳомила ба шавҳараш мегӯяд, намехоҳад бо ӯ зиндагӣ кунад ва ҷанини дар батнашбудро низ мегирад. Зеро аллакай ду фарзанди хурдсол доранд, яке якуним сола ва дигаре чормоҳа.
Ин сухан шавҳарро хашмгин намуда кудаконро ба утоқи дигар бурда мегузорад ва бо корд дар ноҳияи синаи зан мезанад ва сипас сари ҳамсарашро аз танаш ҷудо мекунад. Баъд аз он дар кӯча бо падарарӯсаш вохӯрда ӯро низ бо зарби чанд корд ба ҳалокат мерасонад.
Реклама / Advertisement
Мақомоти ВКД-и Перм ҷузъиёти ин куштори бераҳмонаро нашр карданд. Бино ба иттилои ВКД муноқишаи ҳамсарон дар як манзил дар ошёнаи дуюми як бино дар кӯчаи Есенин дар Заостровка рух додааст.
Дар ҷузъиёти хабар омада, ки ин оилаи ҷавон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, чанд сол пеш ба Перм омада буданд. Шоми 3 феврал дар манзили онҳо ҷанҷол сар мезанад. Зани 21-сола ба шавҳараш гуфтааст, ки намехоҳад фарзанди сеюмшро ба дунё биёрад ва мехоҳад аз шаҳвараш ҷудо шавад. Ин сухани зан шаҳварро ба ғазаб оварда, сари занашро аз танаш ҷудо мекунад.