Сокинон ҳамчунин аз бедодгарии муовини раиси ин ҷамоат Ҷумъаев Баҳодур шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Аздо тв” Ҷумъаевро Саломзода Сиҷоуддин, собиқ раиси шаҳри Исфара соли 2018 бо сабаби дар ҳолати мастӣ ба маҷлиси шаҳрӣ ворид шуданаш аз кор озод кард, аммо баъд аз рафтани раиси шаҳри Исфара аз мансаб боз бо додани пора муовини раиси ҷамот таъйин шуд.
Ин сокин мегӯяд, на раиси феълии ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва на муовинаш Ҷумъаев Баҳодур ҷое таҳсил накардаанд ва маълумоти олӣ надоранд. Аҳмадов Сарвар дар давоми чанд соли корияш ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти Сурх, чандин маконҳо, аз ҷумла Кулуби деҳа ва замине, ки барои мактаб аз тарафи Ҳукумати шаҳри Исфара ҷудо шуда буд ва боз чанд замину масҷиду ғайраро фурӯхтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Аҳмадов Сарвар баъд аз фурӯхтани як биное, ки меҳмонхонаи масҷид будааст ва дар он дегу табақ ва дигар ашёи марбут ба масҷиди деҳа нигаҳдорӣ мешудааст, соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасоди вилояти Суғд боздошт мешавад, аммо чанде пас бо додани 10 ҳазор $ пора раҳо шуда боз ба кори худ баргаштааст.
Яке аз шикоятҳои дигари сокинони ин ҷамоат ин аст, ки Аҳмадов Ҳасан, амаки раиси ҷамоати деҳоти Сурх, Аҳмадов Сарвар барои муроҷиаткунандагон як варақчаи маълумотнома ва ҳар санадеро аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯшад.
Барои бақайдгирии ақди никоҳ аз 500 то 1000 сомонӣ ва барои шаҳодатномаи таваллуд аз 200 то 400 сомонӣ аз сокинон мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар аксар ҳуҷҷтҳо қасдан як ҳарфро ба ивази ҳарфи дигар ё таърихи рӯзро хато менависад ва вақте корафтодагон дуюмбора муроҷиат мекунанд, боз ҳамон маблағро талаб мекунад.
Хабарнигори “Аздо тв” ба ҷамоат деҳоти Сурх тамос гирифт, вале касе ба тамос посух надод. Тасдиқи ин маълумот то ҳол аз ҷониби раиси ҷамоат ва ё дигар масъулин дастрас нашудааст, дар ҳолати вокуниш ва ё дастрас шудани шикояти ҷониби дигар “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.