Боздошти се доғистонӣ бо иттиҳоми қатли як тоҷикистонӣ (Видео)
Се сокини Доғистон бо гумони куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бар асари хусумати хунӣ боздошт шуданд. Бо гумони ташкили одамрабоӣ ва куштори як шаҳрванди Тоҷикистон се сокини Доғистон ҳамроҳ бо як сокини вилояти Маскав боздошт шуданд. Тибқи тафтишот, ин ҷиноят бо сабаби қасосгирӣ сурат гирифтааст. Тибқи тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 як шаҳрванди 21-солаи Доғистон […]
Кормандони AZDA TV· 03.08.2021
Се сокини Доғистон бо гумони куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бар асари хусумати хунӣ боздошт шуданд.
Бо гумони ташкили одамрабоӣ ва куштори як шаҳрванди Тоҷикистон се сокини Доғистон ҳамроҳ бо як сокини вилояти Маскав боздошт шуданд. Тибқи тафтишот, ин ҷиноят бо сабаби қасосгирӣ сурат гирифтааст.
Тибқи тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 як шаҳрванди 21-солаи Доғистон дар асари ҷанҷол дар яке аз клубҳои шабонаи Маскав ба қатл мерасад ва дар ин куштор як зодаи Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
Реклама / Advertisement
Ин зодаи Тоҷикистон аз тафтишот фирор карда ва дар натиҷа дар пайгарди федералии Русия қарор мегирад. Менависад рӯзномаи русии “Коммерсант” бо истинод ба Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар вилояти Брянск.
Тибқи тафтишот, моҳи июн падари кушташуда дар Маскав бо ду ҳамватани доғистониаш вохӯрда бо ҳам нақша мекашанд, ки қотили писарашро пайдо ва бар ивази пул ба қатл расонанд. Онҳо дар ин ҷиноят як сокини вилояти Маскавро низ ҷалб карданд. Номи ҳеч яке аз ин афрод дар расонаҳои маҳаллӣ зикр нашудааст.