Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода лату кӯб шуданашро аз ҷониби хоҳарзодаҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рад кард.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки 25 август нашр шуда, мегӯяд, аз овозаҳои лату кӯб шуданаш хабар ёфтааст, ва онро бепоя хонд.
“Аз овозаҳо, ки шахсан барои ман ғайриинтизор буданд, албатта, хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд”, – мегӯяд Абдуллозода.
Пас аз интишори хабар вазири тандурустӣ то кунун дар пахши мустақиме ҳузур пайдо накарда ва шахсан онро рад накарда аст. 3-уми август аз Вазорати тандурустӣ ба Аздо тв гуфтанд, ки вазир сари кор аст ва омодаи қабули шаҳрвандон аст, аммо аз ба ҷуз як аксе, ки маълум нест кай гирифта шудааст, дигар чизе дар расонаҳо нашр нашуд.