УМУМӢ

ПМТ як моҳ 80 оилаи афғонро бо хӯрок таъмин карданист

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон таъмини якмоҳа хӯрокӣ 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон дар мондаанд, бар уҳда гирифт. 5-уми августи соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар як мизи гирд пас аз таҷлили сесолагии ин созмон суҳбат мекард, дар посух ба ин, ки оё Паймони Миллии Тоҷикистон метавонад, 80 […]

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон таъмини якмоҳа хӯрокӣ 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон дар мондаанд, бар уҳда гирифт.

5-уми августи соли ҷорӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар як мизи гирд пас аз таҷлили сесолагии ин созмон суҳбат мекард, дар посух ба ин, ки оё Паймони Миллии Тоҷикистон метавонад, 80 оилаи муҳоҷири Афғонистонро, ки дар марз банд мондаанд, кумак кунад, гуфт бале, эълон кунед, Паймони Миллии Тоҷикистон ин корро хоҳад кард.

Пеш аз ин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода эълон карда буд, ки дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон 80 оилаи муҳоҷир ҳузур дорад ва Тоҷикистон ба сабаби надошти зерсохторҳои қабули муҳоҷирон наметавонад аз онҳо пазироӣ кунад.

Инчунин телевизиони Эронинтернешнал наворе нашр кард, ки дар он 80 паноҳҷӯи Афғонистон иддаъо мекарданд, пас аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон мақомоти тоҷик онҳоро фиреб дода, ба нимҷазирае дар байни Омӯдарё овардаанд.

Дар навор ин муҳоҷирон аз надоштани сарпаноҳ, ба охир расидани маводҳои хӯрака ва авҷ гирифтани беморӣ дар байни онҳо шикоят карда, аз созмонҳои байналмилалӣ талаби кумак мекарданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.