УМУМӢ

Марги сокини ноҳияи Восеъ дар натиҷаи занозанӣ

Сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар латукӯб ва куштори як сокини дигари ҳамин ноҳия гумонбар дониста мешавад. Кормандони милитсия як сокини 34-солаи Восеъро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, боздошт карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳоти Раҷабови ноҳияи […]

Сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар латукӯб ва куштори як сокини дигари ҳамин ноҳия гумонбар дониста мешавад.

Кормандони милитсия як сокини 34-солаи Восеъро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳоти Раҷабови ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта мешавад, занозанӣ байни гумонбар ва як сокини 29-солаи маҳаллӣ сар задааст, ки дар натиҷаи он дуввумӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокини кушташуда ва гумонбар ном наовардааст. Инчун назари муттаҳам ва ё адвокату пайвандонаш низ дар хабар вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, хабар медиҳад ВКД-и Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.