Зебо Фурқатзода тасмим дорад, ки достонҳои навишташудаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китобе нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида шавад.
Бунёди Боғи Умеди Сингапур (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайри давлатиест, ки дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунанд.
Ин созмон ҳамчунин барномаҳои вижае барои ҳимоят ва дастгирии занони осебпазир роҳандозӣ кардааст ва қурбониёни хушунатҳои ҷинсӣ, занон ва кӯдакони бозмонда аз ҷангро сарпарастӣ мекунад.
Зебо Фурқатзода, зодаи шаҳри Хӯҷанд ва донишҷӯи United World College Сингапур мебошад ва дар соли 2019 низ ӯ барандаи озмуни «Хонандаи соли 2019» шаҳри Хуҷанд гардида буд.