Имсол сатҳи об дар обанбори “Норак” ба андозаи лозимӣ ҷамъ шудааст. Тоҷикистон дар бораи истеҳсоли нерӯи барқ ва содироти он омори дақиқ пешниҳод намекунад.
Бино ба иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр ҷараёни об дар дарёи Вахш хуб ба назар мерасад ва ба тавлиди нерӯи барқи лозимӣ барои аҳолии кишвар кофӣ аст.
Хабаргузории “Авесто” дар истинод ба манбааш аз Вазорати энергетика хабар дод, ки сатҳи об дар обанбори Норак дар ҳадди 910,69 метр аст, ки амалан ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2020 мувофиқат мекунад.
Реклама / Advertisement
Масъулони бахши энергетикаи кишвар хабар доданд, ки 3-уми октябр воридшавии об дар минтақаи обанбори Норак 566 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 метри мукааб дар як сония бештар аст.
Воридшавии об ба дарёи Вахш ва ҳаҷми захираи обанборҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли муътадили нерӯи барқ барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ ва содироти он дар ҳаҷми хурд имконпазир гардад.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз зиёда аз 37,8 миллион кВт / соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки 35,1 миллион кВт / соати он барои истеъмоли дохилӣ истифода мешавад. Қисми боқимонда ба кишварҳои ҳамсоя содир карда мешавад.