Толибон бидуни ном гирифтан аз Тоҷикистон ба Эмомалӣ Рамҳон ҳушдор додааст, ки агар ба Афғонистон ҳамла кунад, мисли Амрико ва муттаҳидонаш шикаст мехӯрад.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққат ва сухангӯи Толибон дар Афғонистон бо интишори баёнияе дар 20-умин солрӯзи ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон ин ҷангро тӯлонитарин ҷанг дар таърихи ин кишвар хонда, гуфтааст, “бояд барои дигарон ибрат бошад, то ба фикри ҳамла ба Афғонистон набошанд.”
Ҳамзамон сухангӯӣ Вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфтааст: “Маскав аз наздик вазъият дар марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро назорат мекунад ва дар сурати лузум қотеона амал хоҳад кард.”
Реклама / Advertisement
Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли сухангӯи дастгоҳи дипломатии Русия Мария Захарова иттилоъ додааст: “Байни мақомоти Русия ва Тоҷикистон ва бахусус Хадамоти марзбонӣ ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар иртибототи хубе вуҷуд дорад.”
Мария Захарова таъкид кардааст, ки “мо ҳамкории худро дар заминаи тақвияти тавони низомии Тоҷикистон идома медиҳем ва дар ҳолати бад шудани авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон “Пойгоҳи 201”-и Русия дар ин кишвар ба кумаки марзбонони тоҷик мешитобад”.
Танишҳои лафзии Тоҷикистону Толибон дар ҳоле шиддат мегирад, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон ду паради низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Ва аз сӯи дигар Толибон ҳам эълон карданд, ки ба хотири таъмини амният ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои марзӣ шохаҳои “Лашкари Мансурӣ”, ки аз онҳо ҳамчун нерӯҳои вижаи маргталаб ёд мешавад, ба вилоятҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон фиристодаанд.