Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол бӯҳрони муҳоҷират дар марзи Лаҳистон ва Беларус якбора авҷ гирифт. Сарбозони лаҳистонӣ маҷбур шуданд, ки барои мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сарҳад бо Беларус симхор насб кунанд. Аз 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд, ки он 183 нуқтаи аҳолинишинро дар бар мегирад.
Ҳамарӯза марзбонони Лаҳистон аз кӯшиши сершумори ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, аз аввали моҳи октябр то кунун беш аз ҳафт ҳазор талоши убури ғайриқонунии марз аз Беларус ба Лаҳистон сабт шудааст. Аммо аз аввали моҳи сентябр ин шумора тақрибан 20 ҳазор нафар рост меояд.
Пеш аз ин, палатаи поёнии парлумони Лаҳистон (Сейм) будҷаи сохтмони девор дар сарҳад бо Беларусро тасдиқ кард, ки ҳазинаи он 359 миллион евро бароварда шудааст.