УМУМӢ

Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон

Дар моҳҳои апрел, май ва июн аз Русия ба Тоҷикистон 400 миллион доллар интиқол шудааст. Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал қариб 30% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 3 миллиарду 69 миллион долларро ташкил додааст. Интиқоли пулии […]

Дар моҳҳои апрел, май ва июн аз Русия ба Тоҷикистон 400 миллион доллар интиқол шудааст.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал қариб 30% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 3 миллиарду 69 миллион долларро ташкил додааст.

Интиқоли пулии коргарон – 1,8 миллиард доллар, интиқол маблағҳо байни аъзои хонаводаҳо – ҳудуди 700 миллион доллар, музди меҳнати пардохтшуда – тақрибан 0,5 миллиард долларро дарбар мегирад.

Ҳаҷми бештари маблағҳо ба Ӯзбекистон – қариб 1,2 миллиард доллар, Қирғизистон – 0,6 миллиард доллар ва Тоҷикистон – 0,4 миллиард доллар интиқол дода шудааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.