УМУМӢ

Сафари Дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад. Станислав Зас 22-юми октябр, Дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон меравад ва ҳадаф аз ин сафари ӯ санҷидани омодагии сарбозон ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои СПАД гуфта шудааст. Тамринҳои вижаи “Эшелон-2021”, “ Ҷустуҷӯ-2021” ва размоиши муштараки “Ҳамкорӣ-2021”, ки дар чорчӯби […]

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Станислав Зас

22-юми октябр, Дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон меравад ва ҳадаф аз ин сафари ӯ санҷидани омодагии сарбозон ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои СПАД гуфта шудааст.

Тамринҳои вижаи “Эшелон-2021”, “ Ҷустуҷӯ-2021” ва размоиши муштараки “Ҳамкорӣ-2021”, ки дар чорчӯби тамринҳои амалиётӣ-стратегии СПАД “Ҷанговарони бародарӣ-2021” дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, ва дар он 4 ҳазор нафар бо беш аз 500 адад таҷҳизоти ҳарбӣ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон ба муддати 5 рӯз аз 18 то 23-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбанд.

Александр Лапин

Рӯзи 19-уми октябр фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ Александр Лапин барои тафтиши омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ба марҳилаи ниҳоии машқҳо ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Баъд аз ба сари қудрат омодани Толибон дар Афғонистон кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон нерӯҳои амниятии худро дар марз бо ин кишвари ҳамсоя тақвият бахшидаанд. Инчунин Русия моҳи август ду размоиши низомӣ, яке дар наздикии марзи Афғонистон бо Узбакистон ва дигаре бо Узбакистону Тоҷикистон баргузор карда буд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.