УМУМӢ

Рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад. Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо “Равшан”-и Кӯлоб […]

Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи баргузории бозиҳои даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи шанбе 6-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд бозӣ мекунад.

Бозии дигари даври ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе 7-уми ноябр баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Хуҷанд” дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад. Бозиҳо соати 14:30 оғоз мешаванд.

Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзҳои 27 ва 28-уми ноябр баргузор мешаванд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.