Раёсати олии ҲНИТ аз созмонҳои зидди шиканҷа ва ниҳодҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар дохили кишвар ва хориҷ аз он даъват намудааст, ки нисбат ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ бетараф набошанд ва ба ин қазия дахолат намоянд.
Дар идома РО ҲНИТ аз вазъи саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки баъди ирсоли номае ба Президент ба ШИЗО бурда шуданд ва мавриди шиканҷа қарор гирифтанд, сахт нигарон буда, масъулияти саломатӣ ва ҳифзи ҷони ин ду зиндониро бар уҳдаи шахси Э. Раҳмон медонад.
Реклама / Advertisement
Ҳамчунин РО ҲНИТ талаб намудааст, ки Прокурори генералӣ ва Омбудсмени кишвар вориди амал шуда, ба ин қазия равшанӣ андозанд.
Дар баробари ин аз Раҳмон хоста шудааст, ки эълом кунад, кадом гурӯҳи шаҳрвандон ҳаққи муроҷиат кардан ба ӯро доранд ва кадом гурӯҳ аз чунин ҳуқуқ маҳрум ҳастанд.
Ҳамзамон Кумитаи наҷот аз ниҳодҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарии дохилӣ ва байналмилалӣ талаб намудааст, ки бо дархости расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон роҷеъ ба иллати муҷозоти онҳо гузориш таҳия карда, онро ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ирсол намоянд ва аз мақомот бихоҳанд, то даст аз поймол кардани ҳуқуқи зиндониён бардоранд.