Ба таъкиди манбаъ ин “суҳбат дар фазои дӯстона сурат гирифт”, аммо бо як нигоҳ ба чеҳраҳои мусоҳибон маълум мешавад, ки ҳар ду ҷониб нигарон ва нороҳат аз авзои кишварҳояшон мебошанд.
Тоҷикистону Беларусро касоне идора мекунанд, ки тайи 29-30 соли раҳбарии худ натавонистаанд мардуми худро аз буҳронҳои иқтисодӣ, молӣ ва маъишатӣ наҷот диҳанд, баръакс раҳбарони ҳар ду ҷониб сабабгори шиддат гирифтани буҳронҳои молӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқибашарӣ дар Тоҷикистону Беларус шудаанд.