УМУМӢ

Поинтарин маошро дар Тоҷикистон киҳо мегиранд?

Дар Тоҷикистон поинтарин маошро кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои ахири Агентии омори назди президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз соҳоҳе ҳастанд, ки маоши аз ҳама поёнтар дар кишварро мегиранд. Маоши онҳо 669 сомонӣ (59 доллар)-ро ташкил медиҳад. Маоши кормандони […]

Дар Тоҷикистон поинтарин маошро кормандони соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ахири Агентии омори назди президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, соҳаи кишоварзӣ, ҷангал ва моҳидорӣ аз соҳоҳе ҳастанд, ки маоши аз ҳама поёнтар дар кишварро мегиранд. Маоши онҳо 669 сомонӣ (59 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маоши кормандони бахши молия(бонкҳо) ва суғурта 4 ҳазору 644 сомонӣ (411 доллар) буда, маоши кормандони истихроҷи маъдан 2,9 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,5 ҳазор сомонӣ, нерӯи барқ ​​ва об 2,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳи сентябри соли равон музди миёна дар кишвар 1541 сомониро ташкил дода, маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ (35 доллар) муқаррар шудааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.