УМУМӢ

Миронов боз хостори ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирон шуд

Раҳбари ҳизби “Русияи одил – Барои ҳақиқат” Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Ба назари Миронов агар Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводидро ҷорӣ кунад, афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад. Ӯ мегӯяд, ки русҳо бояд иқтисоди худро аз қувваи кории […]

Раҳбари ҳизби “Русияи одил – Барои ҳақиқат” Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ба назари Миронов агар Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводидро ҷорӣ кунад, афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки русҳо бояд иқтисоди худро аз қувваи кории арзон муҳофизат кунанд, чун он рушди иқтисодро суст мекунад ва музди меҳнат баланд бардошта намешавад.

Сиёсатмадори рус инчунин нақшаи ҳукумати Маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонҳои Маскавро ҷонибдорӣ кардааст.

Ин бори дуввум аст, ки Сергей Миронов якчунин пешниҳодро мекунад. Вале ба ин пешниҳод мухолиф ё мувофиқ будани ҳукумати Русия то ҳол маълум нест.

Гуфтанист, дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.