УМУМӢ

Оғози парвозҳои ҷадид аз Екатеринбург ба Бохтар

Парвозҳои ҷадид аз фурӯдгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба шаҳри Бохтар Тоҷикистон оғоз шуданд. Акс аз Интернет Ба иттилои хабаргузории “Тасс“-и Русия, “ин парвозҳои мустақим тавассути ширкати “Nordwind Airlines” аз Фурудгоҳи Байналмилалии Колтсово ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон анҷом мешаванд. Имрӯз парвозҳои мустақими мусофирбарӣ аз Колтсово бо се шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе низ анҷом […]

Парвозҳои ҷадид аз фурӯдгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба шаҳри Бохтар Тоҷикистон оғоз шуданд.

Акс аз Интернет

Ба иттилои хабаргузории “Тасс“-и Русия, “ин парвозҳои мустақим тавассути ширкати “Nordwind Airlines” аз Фурудгоҳи Байналмилалии Колтсово ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон анҷом мешаванд. Имрӯз парвозҳои мустақими мусофирбарӣ аз Колтсово бо се шаҳри дигари Тоҷикистон – Хуҷанд, Кӯлоб ва Душанбе низ анҷом мешаванд.”

Дар бозори мусофиркашонии ҳавопаймоии байни Тоҷикистону Русия асосан ширкатҳои тоҷикии “Somon-air”, “tajik-air”, ва ширкатҳои русии “Ural Airlines”, “Utair”, ва “Airlines” ва ширкати “Nordwind Airlines” фаъолият мекунанд.

Аммо бо ин вуҷуд, сомонаи фурӯдгоҳи шаҳри Бохтар дар ҷадвали парвозҳои имрӯзии худ қайд кардааст, ки субҳи имрӯз саривақт парвози ширкати “Nordwind Airlines” аз Маскав анҷом шуд, вале дар бораи фурӯди ҳавопаймои мусофиркашонии ин ширкат аз Екатерингбург маълумоте ироа накардааст.

Теъдоди парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба хориҷ ба хусус аз Русия, ки мо ҳудуди 3 миллион муҳоҷир дар он ҷо дорем ва дар фасли сол маъмулан хеле аз онҳо ба ватан сафар мекунанд, то рафт зиёд мешаванд, вале дар бораи арзон шудани нархи билетҳо хабаре нест.

Гуфта мешавад, мусофирони тамоми парвозҳо ба Тоҷикистон бояд гувоҳиномаи саломатӣ ва ё воксина шудан ва нусхаи санҷиши манфии коронавирусро, ки на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шудааст, пешниҳод кунанд. Ба кӯдакони то сесола шаҳодатнома лозим нест.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.