Нигаронии Раҳмон дар ҳоелст, ки чанде пеш коршиносони тоҷик барои рафтани табибон аз кишвар ба Русия ва ё дигар кишварҳо садо баланд карда буданд.
Реклама / Advertisement
Ҳамчунин Вазорати тандурустии кишвар низ аз норасоии мутахассисон дар ин бахш хабар дода буд. Аз ҷумла Раёсати тандурстии вилояти Хатлон хабар дода буд, ки танҳо дар давоми як соли ахир аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон “83 духтур бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки вазифа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.”
Бино ба гуфтаи баъзе табибон муҳоҷирати мутахассисони соҳаи тиб дар вилояти Хатлон сабабҳои гуногун дорад ва аз ҳама муҳим ин набуди маоши хуб, хона барои зиндагӣ ва мушкилоти дигари иқтисодӣ мебошад.
Як табиби ҷарроҳи тоҷики муқими Русия, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат ба Аздо тв гуфт, ду сол боз дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунад ва сабаби аслии ба Русия рафтанаш низ мушкилоти иқтисодӣ аст. Ӯ гуфт:
“Ростӣ барои як мутахассиси соҳаи тиб муҳоҷир шудан кори хуб нест, аммо маҷбурем. Шаш сол дар ватан кор кардам, вале маошам ба хӯрокам намерасид. Дар инҷо дар давоми ду сол ҳам шаҳрвандӣ гирифтам ҳам соҳиби хона шудам ва ҳам шароитамро дар кишвар хуб кардам. Пас кӣ чунин шароитро намепазирад?”
Ӯ дар идома гуфт, “дар Русия ҳазорҳо мутахассисони варзидаи кишвар аз тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад, ки кору зиндагӣ мекунанд, агар шароити маошу зиндагӣ дар ватан хуб бошад, ҳеч кас девона нест, ки солҳои тӯлонӣ дар ғарибӣ дур аз волидайн ва наздикон бошад. Маошро баланд бардоранд, ришваситонӣ ва “тағобозӣ”-ро решакан кунанд ҳама бармегардад.”
Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ба муҳоҷират рӯ овардани табибон боз ҳам ба қашоқтар шудани иқтисоди кишвар сабаб мегардад. Зеро ба гуфтаи онҳо, ҳар як мутахассис сармояи ин кишвар маҳсуб мешавад, бо баромадани онҳо аз кишвар авзоъи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ бадтар мегардад.