УМУМӢ
Боз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шаби гузашта, 22-уми декабр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз дар ду минтақа ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст. Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов Бино ба гуфтаи расонаҳо, шаби 22-уми декабр хонаи як сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳрвандони Қирғизистон қарор гирифт. Гуфта мешавад, дар натиҷаи тирпарронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии Довудов Муҳаммадҷон шикаста, тир […]
Шаби гузашта, 22-уми декабр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз дар ду минтақа ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст.
Акс аз саҳифаи фейсбукии Зубайдулло Шомадов
Бино ба гуфтаи расонаҳо, шаби 22-уми декабр хонаи як сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳрвандони Қирғизистон қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи тирпарронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии Довудов Муҳаммадҷон шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдааст.