Аз куштори Гулбиддин Зиёбеков сокинони Тоҷикистон шигифт зада шуда бошанд ҳам ин куштори беасос ягона набуда,мутаасифона охирин ҳам нахоҳад буд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳофиз ва кафили ҳуқуқи шаҳрвандон ба манбаи бесуботӣ ва абзори саркӯбгар табдил ёфтааст.
Реклама / Advertisement
“Ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ”, – бо ҳамин ҷумла шуруъ мешавад қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи Милитсия”. Аммо дар кишвар мушкил аст касеро пайдо кард, ки ба гуфтаҳои боло мувофиқ ва аз кори милиса розӣ бошад.
Аз рӯи назарсанҷиҳои расонаҳои кишвар, беш аз 80 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо аз кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ розӣнестанд, балки аз муроҷиат ба онҳо метарсанд. Дағалӣ, дуруштгуфторӣ ва зуроварӣ нисбат ба шаҳрвандон рафтори маъмулии милисаҳо шудааст.
Зиёда аз ин, тибқи омори “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ”,бадрафторӣ ва суистифода аз мақом аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли афзоиш будааст. Дар баробари бетартибии зердастони худ раҳбарияти Вазорати умури дохила на танҳо бепарвоӣ, балки дар аксар маврид ба рӯпӯшӣ даст мезадааст. Ин ташкилот ҳанӯз соли 2017 аз рӯйи омори ба дастоварда харитаи қонуншикании милисаҳоро тартиб додааст. Аз рӯйи он кормандони шуъбаҳои корҳои дохилаи шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт дар бадрафторӣ нисбат ба сокинон пешсаф будаанд.