Инчунин гуфта мешавад, ки имрӯз 12-уми январ як мошини тиббӣ бо зарфҳои хун ва дору ба маҳалли ҷойгиршавии отряди марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Хоруғ меояд.
Реклама / Advertisement
Аммо як манбаъ аз ВМКБ ба АЗДО ТВ гуфт, ки Саймумимин Ятимов дар ҳоли ҳозир дар Хоруғ қарор дорад ва як мошин не, балки ду мошини пизишкӣ бо зарфҳои хун ва дору ба маҳалли ҷойгиршавии отряди марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Хоруғ аллакай омадаанд.
Манбаи АЗДО ТВ мегӯяд, ки ҳузури Ятимов ва овардани мошинҳои пизишкӣ бо дору ва зарфҳои хун ба Хоруғ, ба амалиёти низомие, ки дар Хоруғ ба нақша гирифта шудааст, ки пештар коршиносони дохиливу хориҷӣ аз он гуфта буданд, рабт дорад.
Бо пайдо шудани маълумоти нав хабар такмил мешавад…