Фаъолони мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки вазъият дар ин вилоятро зери назорати худ бигирад.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон таъкид мекунанд, ки зиёда аз як моҳ мешавад мардуми вилоят аз дастарсӣ ба Интернет маҳрум ҳастанд, вале телевизиони вилоятӣ пайваста сокинони шаҳри Хоруғ ва дар умум бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро сиёҳ мекунад.
Ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид мекунанд, ки тафтиш ва таҳқиқи парвандаҳои қатли Гулбиддин Зиёбеков ва ду тани дигар аз кушта шудагони ҳамоишҳои эътирозии сокинони вилоят ва 17 захмӣ, ки бо тири мақомот дар рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 қурбонӣ шуданд, муваққатан аз 30-уми декабр аз ҷониби мақомот қатъ карда шудаанд.
Реклама / Advertisement
Муроҷиаткунандагон хитоб ба Президенти Тоҷикистон мегӯянд, “халқи таҳаммулпазири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ менамоянд.”
Онҳо меафзоянд, “аммо рӯи рост мардуми осоиштаро паррондан ва аз тарафи мақомотҳои қудратӣ бо ҳар ҳуқуқвайронкунии на чандон вазнин доғдори судӣ намудани ҷавонон ва бадном ва сиёҳ намудани мардуми ВМКБ дар умум аз тариқи васоити ахбори омма, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон, донишҷӯён ва дигар табақаҳои ҷомеа дар умум аз ҳамаи чаҳорчӯби тоқатпазирӣ ва таҳаммулпазирӣ гузаронида ва бароварда шудааст.”