Як сарбози 20-солаи Горди миллии Украина ба сӯйи ҳамхидматони худ оташ кушода, дар натиҷа 5 нафарро кушта ва 5 нафарри дигарро захмӣ кардааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони “Известия” дар шаҳри Днепри Украина як сарбози Горди миллии ин кишвар ҳамкорони худро паррондааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, панҷ нафар кушта, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар ҳудуди як корхонаи мошинсозии дар ҷануби шаҳр рух додааст. “Як ҷавони 20-солаи навдаъватшуда дар посгоҳ аз автомати АК-47 тир кушодааст. Сарбоз бо силоҳ фирор карданӣ шуд, ӯро боздошт карданд.”, омадааст дар хабар.