Афроди кушта шуда, Обидҷон Туйчиеви 36-сола ва Абдуллатиф Шарипови 58-сола ҳар ду сокинони мулкӣ буда, дар асари партоби минамиёт аз сӯи Қирғизистон ҷони худро аз даст додаанд. Ҳар чанд КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди захмиҳо 10 нафар аст, вале расонаҳои хабарӣ дар истинод ба манобеи худ аз захмӣ шудани ҳудуди 20 нафар гузориш додаанд. Ҳамзамон аз ҷониби Қирғизистон ҳам гузориш мешавад, ки 11 нафар захмӣ шудааст.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҳоле аз супориш ва пуштибонии президенти он кишвар барои “пирӯз” шудан дар ин низоъ хабар медиҳад, ки бо гузашти қариби 24 соат аз оғози низоъҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, Президети Тоҷикистон то ҳол дар бораи кушта шудани 2 шаҳрванди мулкӣ, захмӣ шудани ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла низомиёну сарҳадбонон ва тахриби 9 хонаву як бошгоҳи низомӣ изҳори назар накардааст.