“Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд”, – гуфтааст Далер Ҷумъа.
Пештар ширкати “Брешно”-и Афғонистон аз он шикоят дошт, ки сокинон ин кишвар аз маблағи барқ миллардҳо афғонӣ қарздоранд ва омода нестанд, ки қарзҳои худро баргардонанд. Масъулини он таъкид карда буданд, ки агар шаҳрвандон қарзҳои худро пардохт накунанд, дигар қодир ба гардонидани қарзҳои кишварҳои содирукнандаи барқро надорад.
Аммо сокинони ин кишвар ба расонаҳо гуфта буданд, ки пеш аз омадани Толибон вазъи иқтисодии кишвар хуб набуд ва бо омадани Толибон ба сари қудрат вазъи иқтисодӣ бадтар шуд ва ҳоло қариб тамоми сохторҳои иқтисодии кишвар фалаҷ шудааст ва мардум кору даромаде надоранд, ки битавонанд қарзҳои давлатии худро баргардонанд.