УМУМӢ

Муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро бо корд захмӣ кард

Як муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро дар Маскав бо зарбаи корд захмӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи “ Бино ба иттилои манбаъ, ин ду корманди полис дар пайи хабари занозанӣ бо ширкати се нафар дар даромадгоҳи яке аз биноҳо дар кӯчаи Мединская, ба ҷои ҳодиса омада буданд. Ҳангоми боздошт як иштирокчии занозанӣ, бо корд ду […]

Як муҳоҷири тоҷик ду корманди полисро дар Маскав бо зарбаи корд захмӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи “

Бино ба иттилои манбаъ, ин ду корманди полис дар пайи хабари занозанӣ бо ширкати се нафар дар даромадгоҳи яке аз биноҳо дар кӯчаи Мединская, ба ҷои ҳодиса омада буданд.

Ҳангоми боздошт як иштирокчии занозанӣ, бо корд ду корманди пулисро захмӣ карда, дастони онҳоро буридааст. Пас аз ин ба ҷои ҳодиса дастаҳои иловагии полис омаданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагар зодаи Тоҷикистон Раҳмон Х.-и 23-сола буда, дар Маскав ҷои истиқомати доимӣ надоштааст.

Ду полиси маҷрӯҳро бо захмҳои буридаи дастонашон дар бемористон бистарӣ карданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Назари худи гумонбар ва наздиконаш дастраси расонаҳо нест.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.