УМУМӢ

Пешигирӣ аз қочоқи 229 кг маводи мухаддири тоҷикистониён дар Узбекистон

Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Акс аз сомонаи “l-a-w.ru” Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон […]

Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон аз талоши қочоқи 229 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия ҷилавгирӣ кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Акс аз сомонаи “l-a-w.ru”

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи 15 феврал дар гузаргоҳи “Ойбек”, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳангоми тафтиш аз як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба Русия ҳаракат мекард, 232 бастаи маводи мухаддири героин бо вазни умумии 229 килло ёфт ва мусодира шуда.

Аммо ин мошини боркаши аз гузаргоҳи “Фотехобод”-и Тоҷикистон чӣ гуна бидуни монеае гузашта то гузаргоҳи “Ойбек”-и Узбекистон расидааст, инчунин он ба кӣ тааллуқ доштанаш маълум нест.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид расман вокунише накардаанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони гумруки Узбекистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур маводи нашъадор пайдо мекунанд. Моҳи ноябри соли 2021 низ дар ҳамин гузаргоҳи “Ойбек” аз дохили як мошини боркаш, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурд, беш аз 150 килло маводи мухаддир ёфт ва мусодира карда буданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.