Кашфи беш аз $9 млн Қосим Роҳбар аз Бонки Швейтсария
Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта ( Ба иттилои таҳқиқгарони ин созмон, ки онро Радиои Озодӣ низ нашр кардааст, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Аммо гуфта […]
Дар хусуси ин суратҳисоб бо доштани маблағи зиёд худи Қосим Роҳбар то ҳол ба расонаҳо чизе нагуфтааст.
Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо Қосим Қосимов машҳур буд, 3-юми октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи Роҳбар Қосимов, як мансабдори баландпояи он даврон, ба дунё омадаааст. Ӯ моҳи январи соли ҷорӣ бо фармони Президент ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуд.
Қосим Роҳбар соли 1994, дар 30-солагияш раиси собиқ ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва соли 1996 раиси вилояти Суғд таъйин шуда, то соли 2006 дар ин мақом кор кардааст. Баъди тарки ин мақом ӯ то соли 2008 роҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт. Ӯ аз соли 2008 то 2015 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2015 то 2022 раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст.