Вазири маориф ва илми Тоҷикстон Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақомаш барканор шуд ва дар пайи ӯ ҳарсе муовинонш низ аз мақомоҳояшон сабукдӯш шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Президент хабар дод. Акс аз “Asia-Plus” Гуфта мешавад, имрӯз, 21-уми феврал бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии […]
Вазири маориф ва илми Тоҷикстон Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақомаш барканор шуд ва дар пайи ӯ ҳарсе муовинонш низ аз мақомоҳояшон сабукдӯш шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти Президент хабар дод.
Акс аз “Asia-Plus”
Гуфта мешавад, имрӯз, 21-уми феврал бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардиданд. Ва мақоми онҳо “Саидзода Раҳим Ҳамро — вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед — муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия — муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.”
Вазири тозатаъйини маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳимҷон Ҳамро то ин дам дар вазифаи ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе кор мекард.