Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз 24-уми феврал қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор гардид. Дар натиҷа шаш гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ташкил карда шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур дар як гурӯҳ қарор гирифт. Бозиҳои Тоҷикистон дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешаванд.
Реклама / Advertisement
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо бозӣ бо тими Мянмар, ки рӯзи 8-уми июн баргузор мешавад, оғоз мекунад. Пас аз се рӯз, 11-уми июн тими Тоҷикистон бо Сингапур ва дар даври ниҳоии сабқати интихобӣ бо мизбонони гурӯҳ бо тими миллии Қирғизистон вомехӯрад.