Нигаронии сафорати Амрико аз набуди интернет дар Бадахшон
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард. Дар ин эъломия Сафорати Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад. Сафорати Амрико навиштааст, ки “Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани […]
Кормандони AZDA TV· 16.03.2022
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард.
Дар ин эъломия Сафорати Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад.
Сафорати Амрико навиштааст, ки “Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад.”
Реклама / Advertisement
Ин бори аввал нест, ки кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ аз набуди Интернет дар ВМКБ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯзаи мардум дар маркази вилоят то ин дам аз Интернет маҳруманд ва фишори мақомот болои мардуми ин минтақа рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст.